Мухтарам ташкилотҳои ҳавасманд,

 

Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳамсол ба ҳамсол” ба маълумоти Шумо мерасонад, ки  дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Нури рӯшноӣ” тасмим гирифтааст, ки дар cанаҳои  4 то 8 июли соли 2020 урдгоҳи тобистонаи 5 рӯзаро берун аз шаҳри Душанбе баргузор намояд.

 

Бинобар ин, барои интихоб намудани ташкилоти ҳавасманд аз Шумо хоҳиш менамоем, ки пешниҳодҳои тиҷоратии худро барои хизматрасониҳои зерин пешниҳод намоед:

  1. Толор  бо 12 ҷои нишаст, проектор, компютер, принтер, мизҳо, курсиҳо, об ва шароити хубӣ корӣ.
  2. Кофе брейк барои 12 нафар иштирокчӣ 2 маротибагӣ дар як рӯз.
  3. Хӯрокӣ наҳорӣ барои 12 нафар иштирокчӣ.
  4. Хӯроки нисфирӯзӣ барои 12 нафар иштирокчӣ.
  5. Хӯрокӣ шом барои 12 нафар иштирокчӣ.
  6. Ҷойи ҳоб барои 12 нафар иштирокчӣ.

 

Хоҳишмандем, пешниҳодҳи тиҷоратии худро дар бланкаи расмии худ бо муҳр ва имзои роҳбари ташкилот тибқи талаботҳои ҷадвали зерин ба почтаи электронии ташкилот ypeer.tj@gmail.com то cанаи 02.07.2020 соати 17:00 ирсол намуда ё ба идораи ТҶ  “Ҳамсол ба ҳамсол” ба суроғаи: ҶТ, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдаки 137, ошёнаи 5, утоқӣ 534 манзур намоед.

Ҳамаи пешниҳодҳои тиҷоратӣ бояд имзо шуда, мӯҳр дошта бошанд. Нархномаҳои бе имзо ва бе мӯҳр, инчунин нархномаҳое, ки дер пешниҳод мешаванд, бо таври автоматӣ хориҷ карда мешаванд.

 

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва дастрас намудани замимаҳои озмунӣ метавонед ба почтаи электронии ташкилот ypeer.tj@gmail.com муроҷиат намоед, ё ба рақамҳои зерин занг занед.

+992 908 28 20 02 — Абдусалом Рабихов, ҳамоҳангсози лоиҳа.

 

Намунаи шакли нархнома барои пешниҳод

Намуди хизматрасонӣ Воҳиди ченак Шумора Нарх Шумораи иштирокчиён Маблағи

умумӣ бо дарназардошти (ААИ) 

1. Иҷораи толор

(проектор, принтер, мизҳо, курсиҳо, об ва ниқобҳо барои иштирокчиён)

2. Кофе – брейк  2 маротиба дар як рӯз
3. Хӯроки наҳорӣ
4. Хӯроки нисфирӯзӣ
5. Хӯроки шом
6. Ҷойи хоб барои иштирокчиён
Ҳамагӣ:

 

Эзоҳ: Бо дарназардошти ҳолати пандемияи COVID-19 дар тамоми ҷаҳон, аз ташкилоти довлатаб эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки тамоми чораҳои зарурӣ вобаста ба пешгирии COVID-19 ба назар гирифта шавад (маҳлулҳои дезинфексия, дезинфексияи утоқҳои корӣ бо хлор, таъмини никобҳо ва риояи фосилаи иҷтимоӣ дар ҷараёни баргузории урдгоҳ)!